«Тоҷикстандарт» хизматрасониро меомӯзад
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 ноябр дар меҳмонхонаи тозабунёди «Душанбе-Серена» бо ташаббуси Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва дастгирии Ҷамъияти олмонии ҳамкории техникӣ(GTZ) барои соҳибкороне, ки ба фаъолияти хизматрасонии соҳаи хўроки умумӣ ва меҳмонхонаҳо машғуланд дар мавзўи «Масоили баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои хўроки умумӣ ва меҳмонхонаҳо» семинар баргузор шуд.Дар он зикр гардид, ки сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар навбати аввал бо таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон равона шудааст. Яке аз самтҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизмати маишӣ иборат аст. Дар семинар ҳолати соҳаи хизматрасонӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд, ки ин ба ҳалли мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. Ҷолиби қайд аст, ки имрӯз тарабхонаю ошхонаҳои замонавӣ зиёд ва бо ҷиҳози муосир ороста шуда, бо усулҳои миллию аврупоӣ таому хӯришҳо омода мекунанд ва дараҷаи хизматрасонӣ то андозае беҳтар шудааст. Соли гузашта дар озмуни беҳтарин нуқтаи хўроки умумӣ, ки бори аввал дар қатори озмуни маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронида шуд, 56 нуқтаи ин соҳа иштирок намуда, ғолибон соҳиби ҷоиза ва мукофотҳо гардиданд. Аз ҷумла, тарабхонаи «Тоҷикистон» сазовори ҷоизаи аввали озмун гардид. Имсол чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе сазовори шоҳҷоизаи «Тоҷи сифат» дар номгӯйи «Бриллианнт Лондон-2011» гардидааст, ки маросими супурдани он 26-27 моҳи ҷорӣ дар Анҷумани байналхалқии JQC ЛОНДОН баргузор мегардад. Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи «Тарабхонадорон ва меҳмонхонадорон» дар назди мактаби миллии туризм давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона», «Туризм ва сайру саёҳат», «Корманди меҳмонхона»-ро ташкил додааст. Курсҳои номбурдаро то имрӯз зиёда аз 400 нафар шунаванда хатм намуда, соҳиби маълумоти касбӣ шуда дар ин соҳа фаъолият доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






