Томас Ачакосо ба Тоҷикистон меояд

Ноябрь 14, 2011 11:21

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ Матин Холматов ва Таҳмина Ҷумъаева мулоқоти корӣ баргузор шуд. Тавре дар маркази матбуоти хадамоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили семинарии қарибулвуқӯъ дар мавзӯи сарварии ашхоси баландпоя дар ҳукумат ҷиҳати муҳоҷират ва рушд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мақсад аз доир намудани семинар мадад ба шахсони масъули тарҳрезии сиёсати муҳоҷирати ҶТ дар амри идора ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар кори семинари дурӯза бояд мушовир, собиқ вазири муҳоҷирати меҳнатӣ дар Филиппин Томас Ачакосо иштирок намояд. Бояд зикр намуд, ки Томас Ачакосо муаллифи китоби «Дурнамои дарозмуддат ҷиҳати густариши равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Қирғизистон» мебошад.

Ноябрь 14, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад