Устод Мирзо Турсунзода бештар бо хати форсӣ менавиштанд
Овони кӯдакию наврасии устод Мирзо Турсунзода ба замони инқилоб рост омад. Нооромиҳои давр ва қаҳтию гуруснагӣ азобу машаққати як писарбачаи деҳотиро бештар мекарданд. Вале дар дили кӯчаки ӯ шӯълаи умеду орзу ҳеҷ гох хомӯш намешуд. Чун ба синни 6-солагӣ расид, дар мактаби кӯҳнаи Қаратоғ дар назди домулло хонд. Аз таҳти дил, бо меҳру муҳаббат хати форсиро омӯхт, ки ин баҳри сайқал ёфтани фикри кӯдак ва инкишофи нутқи шифоҳию хатии ӯ мусоидат намуд. Ана ҳамин омӯзиши амиқи алифбои форсӣ ҳам дар мактаби кӯҳна ва ҳам дар мактаби нав ба Мирзо Турсунзода имкон дод, ки дар тӯли умр аз мушкилиҳои зиёде бо сарбаландӣ барояд. Ин ҷо зикр кардан ба маврид аст, ки устод Мирзо Турсунзода тӯли тамоми умр бештар бо хати форсӣ менавишт. Яке аз шарикдарсони устод Мирзо Турсунзода шодравон Иброҳим Азим чунин ёдовар шуда буд: «Дар мактаби кӯҳнаву нави Қаратоғ мо чор нафар дӯстони ҷонӣ будем. Банда, Мирзоҷон, Раҳими Ҷӯшонӣ ва Муҳаммад Имомов. Мирзоҷон дорои зеҳни хуб, ҳофизаи қавӣ ва бачаи хеле зирак буд. Ӯ зуд «зеру забари» хати форсиро хуб омӯхта, дар як муддати кӯтоҳ китобхон шуда буд. Ғазалҳои зиёди Ҳофизро аз ёд медонист ва онҳоро бурро мехонд».
Ин ҷо ёдовар шудан ба маврид аст, ки Иброҳим Азим –шарикдарси устод, то охири умр суруд мехонд, китобҳои ӯ низ бо хати форсӣ буд. Дастнависҳои маҳфузмондаи устод дар рӯи мизи кориаш бо хати форсӣ аст. Тибқи иттилои шоҳидон, агар устод мехостанд босуръат нависанд, ба хати форсӣ менавиштанд, агар оҳиста — бо хати сирилик.
Баъдтар дар муддати даҳ сол (солҳои 1929-1939) ду маротиба иваз шудани алифбо ва ҷорӣ шудани забони русӣ чун забони расмии коргузорӣ натавонист пеши роҳи ин ташнаи роҳи илму дониш, донишҷӯи ҳақиқӣ, шоири ҷавон, рӯзноманигори дақиқназар, шахси ҷасур, фидокори роҳи тараққиёти ҷумҳурии ҷавони тоҷиконро гирад.
Баъдтар, дар солҳои 50-60-и қарни гузашта устод Турсунзода ҳамчун шоир ва шахсияти бузурги ҷамъиятию давлатӣ ба камол расид. Худи ӯ, ба қавли Чингиз Айматов, «ба шахсияти беназир» табдил ёфт. Дар ҳамин вақт чун системаи сотсиалистӣ ташаккул меёфт, баъзе шахсоне пайдо шуданд, ки кулли анъанаву русуми замони пешинаро нав кардан мехостанд. Ҳатто шахсоне пайдо шуданд, ки шеъри шоирони классикро чун шеърҳои мадҳиявӣ нест карданӣ мешуданд. Устод Мирзо Турсунзода қотеъона ва бо ҷоннисорӣ ва пофишориҳои қаҳрамонона ба онҳо фаҳмонида тавонист, ки ҳатто як байти классиконро нест кардан гуноҳи азим аст. Ӯ тавонист на танҳо ашъори ниёгонро аз нобудшавӣ нигоҳ дорад, балки дар таҳияву нашри осор ва баргузории ҷашни шоирони бузург, чун устод А.Рӯдакӣ, А.Ҷомӣ ва тарҷумаи осори онҳо ба забонҳои дигар саҳми арзанда гузорад.
Дар ҳақиқат устод Мирзо Турсунзода чун шоир, сарвари шоирону адибони Тоҷикистон, роҳбари ҳаракати сулҳхоҳони Осиёю Африқо ва ҳамчун мунодии сулҳу амният хизмати арзандаи инсонию шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро карда тавонист. Аз ин ҷост, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумхурӣ ва тасмими Сзмони байналмилалии ЮНЕСКО ба ифтихори ҷашни 100 — солагии устод Мирзо Турсунзода. дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор гардиду мегардад. Бахшида ба ин санаи муҳим китобҳои хурду бузург нашр гардид. Мутаасифона, то имрӯз куллиёти шоир, матни мақолаҳову суханронӣ ва умуман публисистикаи устод дар шакли мукаммал чоп нагардидааст. Ҳотам Рабиев