Варзишгоҳи «Тоҷикстандарт» таэкван-дочиёнро ба ҳам меорад

Ноябрь 2, 2011 15:10

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5-6 ноябри соли равон бахшида ба таҷлили 17-умин солгарди Рӯзи Конституция (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии навбунёди Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» воқеъ дар  маҳҳалаи Якачинори шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии таэкван-до миёни наврасон баргузор мегардад. Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин мусобиқа таэкван-дочиёни синни 12-18-сола (ҳам духтар ва ҳам писар) аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ташкилкунандаи мусобиқаи мазкур Федератсияи таэкван-дочиёни Тоҷикистон буда, он бо дастгирии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» роҳандозӣ мешавад. 

Ноябрь 2, 2011 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад