Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз толори суд озод карда шуданд

Ноябрь 22, 2011 16:24

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар нимаи дуюми рӯзи 22 ноябр дар ҷаласаи суди вилояти Хатлон ҳакам айбномаро оид ба таҷдиди назари парвандаи халабонҳои дар Тоҷикистон дастгиршудаи ширкати ҳавопаймоии Русия қироат кард.Айбдорон мувофиқи моддаи 289 (қочоқгарӣ) дар шакли 2 солу 5 моҳу 10 рӯз ва мувофиқи моддаи 335 (вайрон кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон) дар шакли 1,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ин ҷазо аз рӯи ҷамъи моддаҳо бо василаи ҷамъбасти қисмӣ 2,5 солу 14 рӯзи маҳрумият аз озодиро ташкил дод, вале ҳукмшудагонро, бинобар аз ин пеш ним сол дар маҳбас буданашон, ҳамчунин бо назардошти афве, ки то 1 декабр эътибор дорад, озод намуданд. Тавре ёвари калони прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов иттилоъ дод, масъалаи марбут ба ҳавопаймоҳо низ бо тартиби судӣ баррасӣ мешавад. Хотирнишон месозем, ки 8 ноябри соли 2011 суди шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ду халабон – шаҳрванди ФР Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденкоро ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Сарнишинони ду ҳавопаймои Ан – 72 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Rolkan investmens Ltd – и Русия ба ҷурми қочоқгарӣ, убури ғайриқонунии сарҳад ва вайрон кардани қоидаҳои парвозҳо айбдор дониста шуда буданд.

Ноябрь 22, 2011 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад