Вохӯрии ҳайати тоҷикистонӣ бо Р. Олимов дар Чин
Пекин, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 29 ноябр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов ҳайати гурӯҳи шашнафараи Тоҷикистонро, ки барои иштирок дар Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи коммунистии ҷавонони Чин ба манзури расонидани мадад ба таҳкими ҳамбоварӣ ва дӯстии байни роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупою Осиё ва мусоидат ба табодули байналмилалӣ ва ҳамкории созмонҳои ҷавонон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кардаанд, ба ҳузур пазируфт.Зимни вохурӣ Рашид Олимов дар бораи густариши муносибатҳои дуҷониба сухан карда, зикр намуд, ки ҳамкориҳо миёни ин ду давлат дар бахшҳои энергетика, роҳсозӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сармоягузорӣ ва воридоту содирот густариш меёбанд.Мавсуф афзуд, ки соли 2005 дар Чин ҳамагӣ 3 нафар донишҷӯй аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекард, айни ҳол дар 111 Донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин 930 донишҷӯйи тоҷик таҳсил дорад, ки ин нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат дар ҳаққи насли ҷавони имрӯза мебошад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






