Вохўрии А. Достиев бо Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 15 ноябри соли ҷорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А.Достиев бо Президенти Созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Федератсияи муҳоҷирони Русия» Маҷумдер Муҳаммад Амин вохӯрд.Тавре аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия баррасӣ гардид.Бино ба гуфти М.Амин, мақсади асосии Федератсияи муҳоҷирони Русия ин ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон буда, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар вақтҳои охир боиси нигаронии ӯ шудааст. М.Амин қайд кард, ки рўзҳои аввал, вақте муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таҳти таҳқир қарор гирифта буданд,Федератсия тавассути расонаҳои хабарии Русия он ҳуқуқвайронкуниҳоро маҳкум кард. Ӯ таъкид кард, ки паст задани шаъну шарафи муҳоҷирони тоҷикро Федератсияи муҳоҷирони Русия таҳқир ба худ мешуморад.Ҳамчунин М.Амин зикр кард, ки яке аз сабабҳои боздошту берун кардани муҳоҷирони тоҷикро Федератсия дар ҳукми зиндони халабони рус мебинад. Сафири кишвар А.Достиев роҷеъ ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки «дар ҳар ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ шаҳрвандони ин ё он кишвар набояд талафи ин муносибатҳо шаванд. Вақте муҳоҷирини меҳнатӣ содиқона кору фаъолият доранд, дар кадом асос онҳоро ҷазо медиҳанд ва аз кишвар берун мекунанд? Дар мавриде, ки сиёсатмадорон аз минбарҳо истифода бурда барои манфиатҳои шахсии худ нисбат ба дигар миллатҳо сухан мегӯянд, ҳалли масъалаҳои байнидавлатиро бекор менамоянд».Сафир қайд кард, ки дар ҳар сурат мақомоти судии Тоҷикистон қарори худро оид ба халабонон дар чаҳорчўби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал хоҳад кард, чунки мақомоти судӣ дар Тоҷикистон аз дигар шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақил буда, ба кору фаъолияти он касе ҳуқуқи мудохила карданро надорад.А. Достиев аз М.Амин ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, то ба эҳтирому риояи ҳуқуқи муҳоҷирон аҳамияти хосса диҳанд.М.Амин таъкид кард, ки Федератсияи муҳоҷирони Русия омодааст, дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ҳаматарафа мусоидат намояд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






