Заминҳои ғайриқонунӣ ишғолкардаро «қонунӣ» намуданд

Ноябрь 21, 2011 10:16

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).-     Дар ноҳияи Вахш тавассути санҷиши прокурорӣ заминҳои ғайриқонунӣ ишғолшуда ошкор шуданд.Ба гуфти муовини Прокурори генералии ҶТ Ҳабибулло Воҳидов, дар ноҳияи Вахш бо қарори комиссияи қонунигардонии молу мулк заминҳои ғайриқонунӣ ишғолшуда, ки «қонунӣ» гардонида буданд, дар натиҷаи тафтиши прокурорӣ ошкор гардиданд. Ба иттилои манба, муовини раиси ноҳияи мазкур Ш. Саидов бо корманди кумитаи заминсозӣ ва бахши идораи амволи давлатӣ Қ. Алимов, ки дар як вақт вазифаи котиби коиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Вахшро иҷро мекард, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо қитъаҳои заминҳои корами обии 6 нафар сокинони деҳаи Навкорамро, ки худсарона ишғол карда буданд, замини иншоот нишон дода, онро «қонунӣ» гардониданд. Дар баробари ин, котиби комиссия Қ. Алимов барои нигоҳ доштани санҷиши прокурорӣ нисбат ба кори собиқ комиссияи қонунигардонии молу мулк дар ноҳияи Вахш ба аъзои гурӯҳи кории Прокуратураи генералӣ ба маблағи 5 ҳазор доллар пора пешниҳод намуда, ҳангоми додани ришва дастгир шуд. Муфаттишони Прокуратураи генералӣ нисбати муовини раиси ноҳия Ш.Саидов ва котиби комиссияи қонунигардонии молу мулк дар ноҳияи Вахш Қ. Алимов парвндаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд.

Ноябрь 21, 2011 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад