Заминҳои ғайриқонунӣ ишғолкардаро «қонунӣ» намуданд
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Дар ноҳияи Вахш тавассути санҷиши прокурорӣ заминҳои ғайриқонунӣ ишғолшуда ошкор шуданд.Ба гуфти муовини Прокурори генералии ҶТ Ҳабибулло Воҳидов, дар ноҳияи Вахш бо қарори комиссияи қонунигардонии молу мулк заминҳои ғайриқонунӣ ишғолшуда, ки «қонунӣ» гардонида буданд, дар натиҷаи тафтиши прокурорӣ ошкор гардиданд. Ба иттилои манба, муовини раиси ноҳияи мазкур Ш. Саидов бо корманди кумитаи заминсозӣ ва бахши идораи амволи давлатӣ Қ. Алимов, ки дар як вақт вазифаи котиби коиссияи қонунигардонии молу мулки ноҳияи Вахшро иҷро мекард, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо қитъаҳои заминҳои корами обии 6 нафар сокинони деҳаи Навкорамро, ки худсарона ишғол карда буданд, замини иншоот нишон дода, онро «қонунӣ» гардониданд. Дар баробари ин, котиби комиссия Қ. Алимов барои нигоҳ доштани санҷиши прокурорӣ нисбат ба кори собиқ комиссияи қонунигардонии молу мулк дар ноҳияи Вахш ба аъзои гурӯҳи кории Прокуратураи генералӣ ба маблағи 5 ҳазор доллар пора пешниҳод намуда, ҳангоми додани ришва дастгир шуд. Муфаттишони Прокуратураи генералӣ нисбати муовини раиси ноҳия Ш.Саидов ва котиби комиссияи қонунигардонии молу мулк дар ноҳияи Вахш Қ. Алимов парвндаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






