Журналистони Тоҷикистон аз пойгоҳҳои Beeline дидан карданд
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 25 ноябр барои журналистони оҷонсиҳои пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгоҳҳои шабакаи Beeline, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, сайри матбуотӣ баргузор шуд. Мақсади сайр аз он иборат буд, ки намояндагони ВАО-и ҶТ бо махсусиятҳои кори пойгоҳҳо ва коммутаторҳо, бо хусусиятҳои техникии интиқоли маълумот, бо лоиҳаҳои ширкат дар мавриди густариши шабака ва беҳдошти сифати алоқа аз наздик ошно гарданд. Дар шарҳи чорабинии зикршуда роҳбари хадамоти тарроҳӣ ва сохтмони шабакаҳои ҶДММ «Таком» Ҳайдар Неъмонов чунин зикр кард: «Баргузории босаводонаи васеъгардонии шабака дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва муқаррарсозии бомуваффақияти пойгоҳҳо ба мо имкон дод, ки сифати алоқаро беҳтар намуда, барои муошират имкониятҳои васеътарро ноил гардем». Бо ҷойгирсозии пойгоҳҳо дар қитъаҳои замини оилаҳо ширкат соҳибони заминро аз ҷиҳати моддӣ таъмин месозад ва иҷорапулии истифодаи заминро ҳар моҳ пардохт менамояд. Ин амал барномаи иҷтимоии ширкатро оид ба дастгирии аҳолии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, истифодаи ҳамарӯзаи пойгоҳҳо ба таври мунтазам тоза кардани ҳудуди атрофро талаб менамояд ва ба ин восита муҳити атроф ҳамеша аз ифлосӣ ҳифз мешавад. Ҳамаи техника ва таҷҳизот дорои сертификат буда, дар бобати истифодаи пойгоҳҳо талаботе пешниҳод мешавад, ки аз талаботи кишварҳои Аврупо баландтар аст. Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз тадқиқоти расмии илмие, ки зарари ин антеннаҳо ва пойгоҳҳоро ба саломатии одамон тасдиқ намояд, вуҷуд надорад. Журналистон бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки Beeline дар кори худ перомуни васеъ гардонидани шабака тамоми қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ҳамаи ҷиҳатҳои техникиро ба назар мегирад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






