Қаҳрамонҳои афсонавӣ ба базм шукӯҳ бахшиданд

Декабрь 30, 2011 15:34

Душанбе, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба истиқболи соли нави мелодии 2012 бо иқдоми шаҳрдории Душанбе  дар толори Сирки давлатӣ барномаи ҷолиби идонаи солинавӣ барои бачаҳои болаёқат, тарбиятгирандагони хона-интернатҳо ва боғчаҳо ташкил карда шуд. Бачаҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2012 аз номи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муовинаш Санавбар Раҳимова табрик намуда, ба онҳо тандурустӣ, осмони соф, интизоми намунавӣ ва хониши аъло таманно намуда, тӯҳфаҳо тақдим кард. Ҳамзамон бачаҳоро бо омад -омади соли нави 2012 Бобои барфию Барфак шодбошу таҳният гуфта, хушиҳои дунёро таманно карданд. Барномаи рангину хотирмони солинавӣ дар таҳияи коргардони хушсалиқа Набӣ Ҷалолов рӯҳияи бачаҳоро шоду болида гардонд. Хусусан, суруду рақсҳои гурӯҳҳои рақсию овозӣ ва ғунчаҳои санъати марказҳои фарҳангии пойтахт, ҳунарнамоии дорбоздухтарон, қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳайвонҳои ромшуда ба мисли хирсаку маркаб ва бузича ба базми идонаи бачаҳо шодиву сурур ва шукӯҳи беандоза бахшиданд.

Декабрь 30, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад