Қадами дигари Тоҷикистон барои ворид шудан ба СУС
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 декабри соли ҷорӣ дар Женева дар чаҳорчӯби кори ҷаласаи 8-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид. Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Салоҳиддин Насриддинов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Туркия дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Бозкурт Аран имзо карданд. Дар айни замон гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот мегузаронад. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар назар аст рӯзҳои наздик боз бо чанд кишвари дигар дар масъалаи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур мувофиқат шавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






