Қадршиносии Асрор Воҳидов- боксчии ҷавони тоҷик
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Асрор Воҳидов- боксчии ҷавони тоҷик соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, дар вазни то 48 кг бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, соҳиби медали тилло гардид ва унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард, ки ин дастоварди бузурги варзишӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ боксчии ҷавони тоҷик Асрор Воҳидовро “Беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011” эълон намуд. Маросими супоридани мукофот 27 ноябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир барпо шуд. Дар маросими супоридани ҷоиза ҳамроҳ бо Асрор Воҳидов мураббии варзишгар Фатҳулло Фатҳуллоев иштирок намуд. Баъд аз бозгашт аз шаҳри Лондон варзишгарро Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ҳузур пазируфта, Асрор Воҳидовро бо ҷоизаи ҷаҳонӣ табрик намуд ва барои ғалабаи баланди варзишӣ ӯро бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ» ва устоди ӯ Фатҳулло Фатҳуллоевро бо унвони «Мураббии дараҷаи олӣ» сарфароз гардонид.Ҳамзамон боксчии машҳур Асрор Ваҳидов аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти пулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






