Ҳамоиши ҷашнии ИДМ дар Маскав
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 20 декабр дар шаҳри Маскав иҷлосияи ғайрирасмии ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Тавре сомонаи расмии Кумитии иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, рӯзномаи ҳамоиш иборат аз чунин масъалаҳо, аз қабили изҳорот мебошад, ки сарони давлатҳои аъзои ИДМ зимни он ҷонибдории худро аз ҳамкорӣ дар ин ташкилот, афзун намудани самараи фаъолияти Иттиҳод ҷиҳати таҳкими ҳамфикрию ҳамкории кишварҳо, беҳсозии воқеии зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии онҳо тасдиқ карданианд. Дар назар аст, ки дар ин ҳуҷҷат вазифаҳои стратегии рушди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ зикр дода мешаванд.Дар ҷараёни ҳамоиш мавзӯи асосии ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иқтисодиёт дар соли 2012 муайян карда мешавад. Хотирнишон месозем, ки соли 2011 ба густариши амнияти озуқаворӣ бахшида шудааст. Дар назар аст, ки соли оянда ҳамкорӣ дар бахши робитаю иттилоот мавзӯи асосӣ мегардад. Ғайр аз ин дар ҳамоиши ғайрирасмӣ бояд қарор дар бораи мукофотонидан бо ифтихорномаи ИДМ қабул намуда ва пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод дар соли 2012 эълон карда шаванд. Пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ва шаҳри Марви Туркманистон барои гирифтани ин унвони иддао доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






