ҲХДТ ва «Яни Озарбойҷон» ҳамкориро тақвият мебахшанд

Декабрь 26, 2011 15:00

Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Боку байни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ва «Яни Озарбойҷон»-и Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он ду ҳизб дар оянда ҳамкориҳои худро дар самтҳои мухталиф густариш медиҳанд. Ба санади мазкур Асрор Латифов, муовини раиси ҲХДТ ва Алӣ Ахмедов, муовини раиси ҳизби «Яни Озарбойҷон» имзо гузоштанд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари худ ба Озарбойҷон аз як қатор шаҳру ноҳияҳо ва ёдгориҳои таърихии Озарбойҷон дидан намуда, дар чорабиниҳои гуногун, хусусан конфронсе, ки бо ибтикори ҳизби «Яни Озарбойҷон» созмон дода шуда буд, иштирок ва маърӯза карданд. Асрор Латифов, муовини раиси ҲХДТ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҲХДТ ҳамкориҳои худро бо ҳизбҳои кишварҳои гуногун, ба мисли Русия, Чин, Қазоқистон тақвият бахшидааст. Алҳол ҲХДТ бо «Единая Россия»-и Русия, «Нур Отан»-и Қазоқистон ва ҳизби коммунистии Чин ҳамкории густурда дорад.

Декабрь 26, 2011 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад