Ҳолати роҳҳои кишвар

Декабрь 20, 2011 11:07

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 20 декабр дар километри 195-и ағбаи Шаҳристон — шоҳроҳи Душанбе- Чаноқ — тарма фаромад ва дар айни замон рафтуои нақлиёт дар ин шоҳроҳ қатъ шудааст. Тавре ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои тоза кардани шоҳроҳи мазкур аз тарма 3 василаи техникӣ сафарбар шудааст. Дар назар аст, ки то нисфирӯзӣ ин ҳолат бартараф карда шавад. Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар километри 192 ҳамин шоҳроҳ тарма фаромад ва кормандони вазорат тавонистанд давоми рӯз рафтуои нақлиётро байни самтҳои ҷанубу шимоли мамлакат таъмин намоянд. Ба иттилои манбаъ дар давоми як шабонарӯз дар ин мавзеъ 13 тарма фаромадааст, ки онҳо пурра бартараф карда шудаанд. Дар баробари ин барои аз бориши барфи шаби гузашта тоза кардани шоҳроҳи ағбаҳои Чормағзак, Шаршар ва Фахробод кормандони ҳамин соҳо аз соати дуи шаб машғули коранд. Дар айни замон дар ин мавзеъҳо васоили техникии барфтозакунӣ ва намакпош сафарбар шудаанд. Ҳаракати нақлиёт дар ин шаҳроҳҳо таъмин карда шудааст. Бо роҳбарии ҷонишини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Зуҳуров гурӯҳи корӣ ташкил шуда, он бо вазъ ва рафти тоза кардани роҳҳои ҷумҳурӣ ошно мегардад.

Декабрь 20, 2011 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад