20 соли ҳамкории ИДМ
Хоруғ, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар доираи ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагии бахши рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвроОсиё» — и Федератсияи Русия дар вилоят мизи мудавварро бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва донишҷӯён доир намуд. Дар он асосан мавзӯҳои 20 соли фаъолияти ИДМ, дастоварду камбудиҳо дар соҳаҳои сиёсату иқтисод ва иҷтимоиёт, тарғибу ташвиқи ақидаҳои сулҳу ваҳдат, адолатпарварӣ миёни миллатҳо, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқию эстетикии миллӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






