80 нафар корҷӯй роҳхат гирифт

Декабрь 2, 2011 16:18

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар бинои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Тавре ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ярмарка 49 муассиса ва ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ, КВД «Ширкати алюминии тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «СТС Иншоот» иштирок ва ба корҷӯён 2061 ҷойи кори холӣ ва вакансияҳои озодро пешниҳод намуданд.«Тавассути ин ярмарка ба 80 нафар корҷӯй барои бо кор таъмин шудан аз ҷониби мақомоти Агентӣ роҳхат дода шуд. Инчунин барои омӯхтани касбҳои дилхоҳ 15 нафар бо роҳхат ба муассисаҳои таълимии назди Агентӣ фиристода шуданд»-, илова намуд манбаъ.

Декабрь 2, 2011 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад