Анҷоми чемпионати футболи Тоҷикистон

Декабрь 27, 2011 13:30

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Чемпионати футбол байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар бозии охирини мавқуфгузошта бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» футболбозони шаҳри Кӯлоб ба бозӣ ҳозир нашуданд ва ба онҳо бохти техникии 3 бар 0 мансуб дониста шуд. Ин натиҷа ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа таъсир нарасонд. Ҳамин тариқ, чемпионати тӯлонӣ дар мавсими соли 2011 ба поён расид. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 108 имтиёз зинаи аввалро соҳиб шуда унвони чемпиониро маротибаи дуввум комёб гардид. «Регар ТадАЗ» барандаи мақоми дуввум шуда ва ҷои сеюм насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев (бо 32 гол) нишонзани беҳтарини мусобиқа шинохта шуд. Фарҳод Тоҳиров (бо 27 гол) аз ҳамин даста ҷои дуввум ва Комил Саидов, бозингари ССКА “Помир”-и Душанбе (бо 21 гол) ҷои севвумро касб карданд.

Декабрь 27, 2011 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад