Баракати истиқлолият
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонов, аз соли 1995 то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия 340 млн. сомонӣ ҷудо шудааст. Илова бар ин, бо мақсади бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда 56 млн. сомонӣ масраф гардидааст. Дар замони истиқлолият соҳаи кишоварзии ноҳия ба нишондодҳои назаррас муваффақ шуд. Дар давоми 10 соли охир ҷамъоварии мева дар ноҳия 22 баробар, картошка – 4, сабзавот -8 ва ғалла 2,5 баробар зиёд шудааст. Холо дар ноҳия аз майдони умумии 94 ҳазор гектар замин ҳамагӣ 65 фоизи он мавриди истифода қарор ёфтаст.Ба гуфти раиси ноҳия С. Абдураҳмонов, дар 5 соли охир бо дастгирии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 550 гектар замини нав аз худ карда шуда, барои истифода ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шуд. Дар натиҷа садҳо нафар ба ҷойи доимии кор таъмин гардиданд, ки ҳамаи ин аз баракати истиқлолият аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






