«Барселона» дар финал
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Клуби футболи « Барселона» баъди ғалабаи навбатии худ бар ғолиби лигаи чемпионхои кишварҳои Осиё дастаи «Ал-Садд»-и Қатар дар силсилаи дидорҳои шаби гузашта дар бозиҳои чемпионати ҷаҳон байни клубҳо, ки дар Ҷопон идома дорад, ба вохӯрии финалӣ роҳ ёфт. «Барселона» бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба кард. Бо ду тӯб Адриано ва бо як голӣ Сейду Кейта ва Максвелл дар ин ғалаба саҳм гузоштанд. Мутаассифона, дар вохӯрӣ футболбози шинохта Давид Виля ҷароҳати вазнин бардошт ва акнун бо ин ҷурм дар бозиҳои ниҳоии ҷоми Аврупо ва вохӯриҳои ояндаи «Барселона» ширкат карда наметавонад. Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои «Барселона» ва «Сантос»-и Бразилия бо ҳам қувва месанҷанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






