«Барселона» соҳиби Ҷом гардид
Душанбе, 19 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Клуби футболи «Барселона»-и Испания шоми дирӯз дар дидори ниҳоии ҷоми бошишгоҳҳои ҷаҳон бо ғалабаи 4 бар 0 тими «Сантос» -и Бразилияро шикаст дода, маротибаи дуввум соҳиби ҷоми бошишгоҳҳои ҷаҳон гардид. Соли гузашта шогирдони Хосе Гвардиола тими «Студиэнтес»-и Аргентинаро мағлуб карда буданд. Дар ин рақобат Мессӣ бо ду гол (16, 82), Хавӣ(23) ва Фабрегас (45) дар ғалабаи даста саҳмгузор шуданд. Леонел Месси беҳтарин бозингари бошишгоҳҳои ҷаҳонии соли 2011 интихоб шуд. Хавӣ дар мақоми дуввум ва Неймар аз тими «Сантос» дар ҷои севвум қарор гирифтанд. Ҳарифони «Рубин», «Локомотив», «Зенит» ва ССКА дар ҷомҳои Аврупо муайян шуданд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






