Бартанг ободу зебо мегардад

Декабрь 20, 2011 10:26

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тӯли солҳои истиқлолият тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии води Бартангро тағйироти куллӣ фаро гирифт. Дар давоми бист сол дар чор ҷамоати деҳоти Бартанг 9 мактаби нави замонавӣ сохта ва 12 бунгоҳи тиббӣ аз таъмир бароварда шуд. Дар деҳаи Савноб бошад, табобатгоҳи минтақавӣ мавриди истифода қарор ёфт.Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим дар водии Бартанг муассисаи мустақили нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ташкил меёбад.Ба гуфти раиси ВМКБ Қ. Қосим, дар давоми солҳои 2012 – 2013 дар деҳаи Рошорв бо дастгирии молиявии ширкати «Помирэнержи» нерӯгоҳи хурди барқи обии 600 кВта сохта мешавад. Дар назар аст, ки вобаста ба бехатаргардонии вазъи кӯли Сарез дар ин ҷо нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 225 мегаватт сохта шавад. Ин нерӯгоҳ нафақат мардуми води Бартанг, балки ноҳияи Рӯшон ва Бадахшони Афғонистонро низ бо барқи арзон таъмин менамояд.

Декабрь 20, 2011 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд