Боз як қаллоб дастгир шуд

Декабрь 22, 2011 11:20

Душанбе, 22 декабр. (АИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи тафтишоти корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд, ки дар асоси аризаи истиқоматкунандаи кӯчаи Неъмат Қарабоев Ш. Шарипов, ки 5 – уми сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи Яккачинор шахси ба бовариаш даромада бо номи Тоҷиддин мошини сабукрави тамғаи «АУДИ — 4» — ашро барои чанд дақиқа гирифта ғайб задааст, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ш. Шарипов то 17 –уми декабр борҳо ба маҳаллаи Яккачинор ба суроғи шиноси бедарак ғайбзадааш рафта бошад ҳам, ӯро пайдо карда натавонистааст. Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси аризаи воридшуда гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯи ҷиноӣ ташкил ёфта, барои дастгир намудани қаллоб корро оғоз намуд. Баъди се рӯзи кофтуков қаллоб Ҷумъаев Тоҷиддин Аломуддинович, ки дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ зиндагӣ доштааст, дастгир гардид. Ҳоло дар шӯъбаи тафтишотии корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ) – и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот давом дорад.

Декабрь 22, 2011 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад