Боздиди вазир аз ду махзани илм
Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар партави дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонов бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода, бо вазъи таълиму тарбия шинос гардиданд. «Ҳадаф аз ин мулоқот огоҳ шудан аз шароити таҳсили донишҷӯён, шиносоӣ бо вазъи таҳсил ва баррасии мушкилоти ҷойдошта мебошад», мегӯяд Сиддиқ Муборак, котиби матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ. Дар вохӯриҳо ҳамзамон оид ба сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф, ҷавонон, масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани раванди таълим ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, дар байни ҷавонону наврасон ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ворид нашудани ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрав, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ибрози назар карда шуд. Дар анҷом устодону донишҷӯён ба муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва вазири маориф пешниҳодҳои худро баён намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






