Дабири кулли СААД аз Қазоқистон дидан мекунад
Маскав, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – Имрӯз, 12 декабр, сафари кории Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ба Қазоқистон сурат мегирад.М.Бордюжа дар шаҳри Остона бо Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев, ёвари Президент – муншии Шӯрои амният Марат Тажин, вазири корҳои хориҷӣ Ержан Қозихонов, вазири мудофиа Одилбек Ҷақсибеков мулоқот анҷом медиҳад.Дар ҳошияи мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласоти мақомоти СААД — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи муншиҳои шӯроҳои амният ва иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки 19 – 20 декабр дар шаҳри Маскав баргузор мегарданд, ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти СААД дар ҷараёни раёсати Қазоқистон дар Созмони Аҳномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов хабар дод.