Дар 11 моҳ беш 81 ҳазор ҳодисаи беморӣ

Декабрь 19, 2011 10:19

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълуоти Вазорати тандурустии ҶТ дар моҳҳои январ – ноябри соли 2011 ба 81 ҳазору 248 ҳодисаи бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 0,9 фоиз камтар аст.Тибқи маълумоти манбаъ, ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди гузаранда 8,4 фоизи бемориҳо дохил мешаванд. Дар соли ҷорӣ 79,9 фоизи шумораи умумии бемориҳоро беморони сирояткунандаи шадиди рӯда ташкил додаанд. Вазорати тандурустӣ ҳамчунин маълумот додаст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 62 ҳазору 471 нафар сокинони ҷумҳурӣ гирифтори бемории шадиди рӯда, аз ҷумла 1364 нафар гирифтори бемории исҳоли хунини бактериалӣ, 6 ҳазору 792 нафар гирифтори гепатити шадиди гузарандаи А, Б, С шудаанд.

Декабрь 19, 2011 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад