Дар Хуҷанд маъракаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфт
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз иқдому ташаббусҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд маъракаи умумишаҳрии «12 моҳи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ — ба шарафи 20-солагии иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон шудааст.
Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки дар доираи ин маърака озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи зисти беҳтарин», «Бинои беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд, ки мақсад аз он равнақи корҳои тозагиву ободонӣ, сабзкорӣ, созандагию бунёдкорӣ, беҳдошти симои меъмории Хуҷанд аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






