Дар Мӯъминобод аз андоз қарздоранд
Кӯлоб, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар ноҳияи Мӯъминобод қарзи андоз дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиону 657 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба аввали сол 13 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, -гуфт сардори нозироти андози ноҳия Анваршо Сафаров. Қарздории хоҷагиҳои таҷдидгардида сол аз сол зиёд мешавад ва боиси иҷро нагардидани сарчашмаҳои андоз мегардад, аз ҷумла аз 17 сарчашмаи андоз андози ягона дар ноҳия иҷро нашудааст. Хоҷагии об ба маблағи 41 ҳазору 600 сомонӣ, хоҷагии «Тебалай» 360 ҳазор сомонӣ, хоҷагии «Ғулом Бобоёров» 424 ҳазор сомонӣ, хоҷагии «Мӯъминобод» 58 ҳазор сомонӣ, Ҷамъияти саҳҳомии «Телеком» 20 ҳазору 300 сомонӣ, ҶШСК «Хосият» 58 ҳазор сомонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо аз андоз қарздор буда, масъулини корхона, муассиса ва хоҷагиҳо нисбат ба пардохти андоз беэътиноӣ зоҳир менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






