Дар Маскав иҷлосияи ШВКХ баргузор мешавад
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ дар иҷлосияи Шӯрои вазирони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амниятии Дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилооти ВКХ ҶТ хабар доданд, дар назар аст, ки роҳбарони ҳайатҳо ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияи декабрии ( соли 2010) Шӯрои СААД ва аҳду паймонеро, ки 12 августи соли 2011 дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ташкилоти мазкур дар шаҳри Остона ба даст омада буд, мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Дар ҳошияи иҷлосия ҳамчунин нақшаи тадбирҳо бахшида ба 20 — солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, 10 — солагии СААД ва масъалаҳои дигар баррасӣ мешаванд.Хотирнишон месозем, ки вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 18 декабр озими шаҳри Маскав шуда буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






