Дар шимоли кишвар истеҳсоли пойафзол боз шурӯъ мешавад
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар шимоли Тоҷикистон корхонаи «Пойафзоли Хуҷанд», ки хати нави технологӣ дорад, мавриди истифода қарор дода мешавад. Мувофиқи суханони манбаъ, корхона дар як шабонарӯз то 1000 ҷуфт пойафзоли занонаю бачагона истеҳсол менамояд. Ғайр аз ин, дар корхона фаъолияти коргоҳи коркарди пӯст барои таъмини он бо ашёи хом ба кор даромадааст.Қобили зикр аст, ки корхонаи «Пойафзоли Хуҷанд» қабл аз истиқлолият пайдо кардани ҷумҳурӣ соле то 4 миллион ҷуфт пойафзол мебаровард.Тайи 11 моҳи соли равон дар кишвар 500 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, қариб 5 фоизи эҳтиёҷоти ҷумҳуриро ташкил медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






