Дар Тоҷикистон боркашонӣ тавассути нақлиёт ривоҷ меёбад
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тавассути ҳамаи намуди нақлиёт беш аз 56 миллиону 600 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз зиёд аст.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тайи давраи гузашта тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 48 миллиону 200 ҳазор тонна бор кашонида шуд. Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 – ум 4 фоиз афзуд.Тавассути нақлиёти роҳи оҳан беш аз 8 миллиону 400 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 88, 7 фоизи сатҳи давраи дахлдори соли гузаштаро ташкил дода ва 11,3 фоиз камтар аст. Тибқи хабари Агентии мазкур, ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 85,1 фоизро ташкил медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






