Дар Тоҷикистон рӯзҳои ид қувваи барқ бидуни маҳдудият дода мешавад
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафа ва дар рӯзи Соли нав маҳдудияти додани қувваи барқ дар кишвар бекор карда мешавад.«Рӯзҳои ид – 31 декабр ва 1 январ — дар тамоми кишвар қувваи барқ бидуни маҳдудият дода мешавад», хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ШКСХ «Барқи тоҷик».Хотирнишон месозем, ки аз 12 октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи истифодаи қувваи барқ ҷорӣ шуда, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат қувваи барқ мегирад. Дар шаҳрҳои калон реҷаи кувваи барқ ҷорӣ нашудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






