Дастовардҳои Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси тадқиқот муайян карда шуд, ки дар шароити заминҳои лалмии Тоҷикистон аз таъсири нитрогени биологӣ ҳосилнокии дони навъҳои нахӯду наск зиёд мегардад,- иброз доштанд дар Пажӯҳишгоҳи зироаткории ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Хосилнокии дони навъҳои нахӯди «Сино» ва «Муқтадир» бо истифодаи микроорганизми нави Н-18 18,5 сентнер аз як гектар ва бе истифодаи он 13,5 сентнер аз як гектарро ташкил дод. Ҳосилнокии дони навъҳои наскӣ «Тоҷикӣ — 95» ва «Соҳибӣ» бо истифода аз микроорганизми нави 068 19,5 сентнер аз як гектар ва бе истифодаи он 15,2 сентнер аз як гектарро ташкил дод.
Олимони пажӯҳишгоҳ дар асоси дастовардҳои илмӣ дар соли ҷорӣ соҳиби 8 патент ва 32 «Шаҳодатномаи муаллифӣ оид ба ихтироот» гардиданд. Соли 2011 дар филиалу хоҷагиҳои зертобеи пажӯҳишгоҳ 651 тонна тухмии хушсифати зироати кишоварзӣ истеҳсол шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






