Фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 19 декабр дар километри 192-и ағбаи Шаҳристон — шоҳроҳи Душанбе- Чаноқ — тарма фаромада, дар он рафтуои нақлиёт қатъ шуд. Тавре ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни ҳол дар ҷойи воқеа аз километри 192 то 201-и шоҳроҳи мазкур барои тоза кардани тарма 8 техника сафарбар шудааст. Дар назар аст, ки давоми рӯз ин ҳодиса бартараф карда шавад. Дар баробари ин шоҳроҳи ағбаҳои Чормағзак, Шаршар ва Фахробод таҳти назорат қарор дошта, дар ин мавзеъҳо василаҳои техникии барфтозакунӣ ва намакпош сафарбар шудаанд, то ҳаракати нақлиёт дар шаҳроҳҳои мазкур таъмин гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






