Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро тарбия мекунанд
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки чанде пеш таъсис ёфта буд, бачагони ятиму бепарастор ва душвортарбия, фарзандони оилаҳои носолим, ҳамчунин кӯдакони волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо аз гӯшаву канори вилояти Суғд дар паноҳи худ гирифтааст.Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов 7 декабр ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозимӣ маводи ғизоӣ овард. Вай бо фаъолияти мураббиён, аҳволи бачагон, вазъи утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, рафти ҳунаромӯзии бачагон шинос шуда, баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда, беҳдошти шароити зисту тарбия, таъминот бо либос ва маводи ғизоӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






