Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Украина бо иштироки сарони ду давлат

Декабрь 16, 2011 16:30

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рўзи 15 декабр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Янукович форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор гардид.
 
Дар форуми мазкур, ки дар бинои Палатаи савдо ва саноати Украина дар шаҳри Киев ҷараён гирифт, зиёда аз 300 нафар соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз аз ҳарду кишвар ширкат доштанд.Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович бо ишора ба имкону захираҳои фаровони истифоданашуда аҳли нишастро ба густариши ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ояндадори Тоҷикистон даъват намуда, изҳор доштанд, ки аз ҷониби роҳбарияти ҳарду давлат шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё хоҳад шуд.
 
Тавре зикр гардид, иштироки бевоситаи сарони ҳарду давлат дар ин нишаст ва даъвати бевоситаи онҳо аз доираҳои соҳибкории хусусӣ аз омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти олии ду кишвар ба таҳким ва тавсиаи ҳамкории сохторҳои сатҳу зинаҳои гуногун гувоҳӣ медиҳад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки созишномаи оид ба таъсиси Шўрои муштараки соҳибкорӣ имзошуда ва ба фаъолият шурўъ намудани ин сохтор воситаи хуби муколама ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ мегардад.
 
Мулоқоту суҳбатҳои сершумор ва судманд, ҳамчунин бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар сурат гирифт, ки зимни онҳо тавофуқоти умедворкунанда ҳосил шуданд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 16, 2011 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад