Гулдӯзию зардӯзиҳои Тоҷикистон дар Париж
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори кулли корхонаи дӯзандагии «Суман» -и шаҳри Душанбе Файзимоҳ Иброҳимова, дар асоси барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки он ба рушди соҳаи бофандагию дӯзандагии кишвар, беҳдошти сифат, содироти моли корхонаҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ таҳия шудааст, соли ҷорӣ ду корхонаи дӯзандагии шаҳри Душанбе — «Суман» ва «Ҳафтпайкар» имкон пайдо карданд, ки дар намоишгоҳи байналмилалии Аврупо иштирок намоянд.Ба гуфти Ф. Иброҳимова, намоишгоҳи байналмилалии «Аврупо Ethikal Fashion Sov» дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ корхонаҳои «Суман» ва «Ҳафтпайкар» либоси миллии тоҷикиро, ки аз гулдӯзию зардӯзӣ иборат буданд, ба намоиш гузоштанд. Тарроҳҳони кишвари Танзания ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин ду корхонаи Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуданд. Намоишгоҳ дар чашми иштирокдорони хориҷӣ дунёи зебоӣ ва зебопарастии тоҷикро ҷилва дод.- Мо кӯшиш дорем дар оянда маҳсулоте истеҳсол намоем, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад,- афзуд Ф. Иброҳимова зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






