Густариши ҳамкориҳои ҳарбии Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 22 декабр дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев бо раиси Кумитаи сардорони Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳалид Шамим Вайне, ки дирӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд доир гардид.Тавре ки аз сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот Шералӣ Хайруллоев ва Ҳалид Шамим Вайне масоили вобаста ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро муҳокима карда, ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд ва рушди минбаъдаи онро самаранок арзёбӣ карданд. Инчунин дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, иқтисодӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули иттилоту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомӣ мавриди баррасӣ гирифтанд. Дар ҷараёни сафари расмӣ раиси Кумитаи сардорони Ситоди муттаҳидаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ Рамил Нодиров вохӯрӣ намуда, аз пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан ба амал овард ва бо ҳайати афсарону устодон ва донишҷӯён мулоқот намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






