Хадамоти муҳоҷират ярмаркаи ҷойҳои кории холиро баргузор менамояд

Декабрь 8, 2011 10:13

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки рӯзи 16-уми декабри соли ҷорӣ дар бинои Маркази ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ярмарка субъектҳои хоҷагидор иштирок намуда,ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод менамоянд. Нафароне, ки тахассус надоранд ва хоҳиши омўхтани касбу ҳунарро доранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомўзӣ ба омўзишгоҳҳои касбию техникӣ фиристода мешаванд.

Декабрь 8, 2011 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад