Хизматчиёни давлатӣ соҳиби манзил гардиданд
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба соҳибони хонаи истиқоматии навбунёди маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тананавӣ ордер ва калиди хонаро супорид.Раиси вилоят дар арафаи соли нави 2012-ум бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои 4-ошёнаи 16-ҳуҷрадорро, ки дар мавзеи хушманзараи қисмати соҳили рости Хуҷандшаҳр қомат афрохтааст, нек арзёбӣ кард ва соҳибманзилонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик намуд. Арзиши лоиҳавии иншоот 4,5 миллион сомонӣ буда, аз ҳисоби буҷети шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ гардидааст. Супоришгари иншоот идораи сохтмони асосии шаҳр аст. Онро бинокорони ҶДММ «Хонасози Хуҷанд» дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта ба истифода доданд.Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 16 оилаи хизматчии давлатӣ, ки кормандони соҳаҳои маорифу, фарҳанг, тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатианд, соҳиби хона гардиданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






