Иҷлосияи гурӯҳи кории коршиносони Муоҳадаи Париж
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлии Ҷадид иҷлосияи дуюми гурӯҳи кории Муоҳадаи Париж оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии перекурсорҳо баргузор гардид, ки дар он коршиносони бархе кишварҳо, аз ҷумла коршиносони Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, Комиссияи Аврупо ва созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок доштанд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, аз ҷониби Тоҷикистон дар иҷлосия сардори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Маҳмудов иштирок намуд. Дар ҷараёни муҳокима як қатор пешниҳод перомуни таҳкими ҳамкории байни мақомоти босалоҳияти кишварҳои иштироккунандаи иҷлосия ироа шуд. Иштирокдорони иҷлосия натиҷаи фаъолияти онро ҷамъбаст намуда, иброз доштанд, муайян намудани муносибатҳои умумӣ ба проблемаи муборизаи зидди хавфи маводи нашъаовар саҳми боризе ба ҷилавгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар миқёси ҷаҳон хоҳад буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






