Иштироки ширкатҳои туркӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали вазир Ҳамидуллохон Фақиров бо роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON» баргузор гардид.Тавре ки аз котиботи Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Ҳ. Фақиров иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба сифати самараи нек арзёбӣ кард.«Ҳамчунин дар рафти мулоқот атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ва ҷалби сармоя ба ин соҳаҳо, инчунин мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятнок гуфтугӯи судманд сурат гирифт»,-қайд намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






