«Истиқлол»- чемпиони Тоҷикистон
Душанбе, 19 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи дуввум пайдарпай соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Дар даври мавқуфгузоштаи 24-уми мусобиқа футболбозони «Истиқлол» бо дастаи «Энергетик» вохӯрда, бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд. Ду тӯбро дар ин бозӣ нишонзани беҳтарини даста Юсуф Рабиев ба самар расонид. Акнун барои ҷои ифтихории дуввум мубориза байни дастаҳои «Регар ТадАЗ» ва «Равшан» -и Кӯлоб то охири бозиҳои мавқуфгузошта идома меёбад. «Истиқлол» бозии навбатиашро рӯзи 21 декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо «Равшан» барпо мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






