Компютеркунонии сохторҳои шаҳрӣ
Душанбе, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд, ки тибқи он то соли 2015 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт шабакаи ягонаи компютерӣ роҳандозӣ мегардад. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар буҷаи шаҳр бо ин мақсад шурӯъ аз соли 2012 қисмати алоҳида тартиб дода шуда, маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. Ҳамзамон курсҳои омӯзиши компютер барои раисон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоту идораҳои шаҳр ташкил карда шуда, ҳар як корманди сохторҳо бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин мешаванд. Ин тадбир бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» андешида шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






