Кони «Фон — Яғноб» корхонаҳои кишварро бо ангишт таъмин мекунад

Декабрь 28, 2011 12:55

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бо мақсади қувваи барқро самарабахш истифода намудани корхонаю муассисаҳои кишвар як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ мекунад, ки усули ба истифодаи ангишт гузаронидани корхонаҳои саноатӣ аз ҷумлаи онҳост. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.Тайи соли 2011 як қатор корхонаҳо, аз ҷумла 6 корхонаи семент, 15 корхонаи саноатӣ, 80 корхонаи хиштрезӣ, 23 корхонаи металлургӣ ва як корхонаи шишасозӣ фаъолияти худро дар заминаи истифодаи ангишт ба роҳ монданд.Корхонаи кони «Фон – Яғноб» то 20 декабри соли равон 77 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 35 ҳазор тонна зиёд аст.Қобили зикр аст, ки кони «Фон – Яғноб» бо корхонаи шишасозии шаҳри Қайроққум қарордод баста, соли ҷорӣ онро бо 7 ҳазору 778 тонна ангишт таъмин намуд. Ҳамзамон корхона 20 ҳазору 331 тонна ангиштро ба хориҷи кишвар баровардааст.

Декабрь 28, 2011 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд