Кормандони Агентии назорати маводи нашъадор сатҳи малакаи худро бардоштанд

Декабрь 12, 2011 14:33

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани сертификатҳо ба ширкаткунандагони тренинги “Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир”, ки Раёсати мубориза бо мухаддироти назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (ДЕА) доир намуда буд, баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар доираи курси таълимӣ масъалаҳои вобаста ба тамоюлҳои фарогири муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбор, тафтиши парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба ин ҷиноятҳо, ҳамчунин баргузории дарсҳои амалии баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот баррасӣ шуданд.Дар маросими ҷамъбасти тренинг муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева дар суханронии худ ба аҳамияти баргузории чунин дарсҳои омӯзишӣ барои беҳбуд бахшидан ба самаранокии мубориза бо мухаддирот дар минтақа таъкид намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкориҳо дар самти мубориза бо маводи нашъадор дар оянда низ таҳким хоҳанд ёфт.Намояндагони ДЕА гуфтанд, ки муколамаи фаъол миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бо маводи мухаддири назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (ДЕА) дар оянда низ ба ҳамкориҳои муваффақона мусоидат хоҳанд намуд. Дар хотима ба ширкаткунандагони тренинг сертификатҳо супорида шуданд.

Декабрь 12, 2011 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад