Курсҳои таҳсили муаллимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Сафорати ИМА якҷоя бо Зе — Эмерженс Групп курсҳои «Тактикаи мудофиа – таҳсили муаллимон» — и намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро анҷом доданд.Дар ин курсҳо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, академияи ВКД, Маркази таълимии милиса, қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Бозрасии давлатии автомобилӣ, фурудгоҳ, хадамоти муҳофизат, роҳи оҳан ва ҷузъу томи ОМОН – и шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ таҳсил намуданд.Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, коршиносони байналмилалии Зе — Эмерженс Групп ба иштирокдорони курсҳо усулҳои истифодаи дурусти қувваю техникаи бехатариро ёд доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






