Линн Паско барои гузаронидани конфронси RECCA-V дар Душанбе мусоидат хоҳад кард

Декабрь 9, 2011 13:59

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Линн Паско мулоқот намуд.
 
Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Ҳ. Зарифӣ ба Л. Паско оид ба вазъи кишвар ва минтақа, рафти омодагӣ ба Конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон RECCA-V, ки гузаронидани он 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе дар назар аст, маълумот дод. Дар мусоидат бо баёни возеҳи намудани мавқеи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистон дар партави коҳиши ҳузури ҳарбиёни эътилофи байналмилалӣ дар кишвари ҳамсоя аҳамияти махсус дода шуд.
 
Вобаста ба ин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбати худро ба зарураяти роҳандозии ин амалиёт таҳти сарпарастии СММ, ҳамчунин муҳим будани ҳамкорӣ миёни СММ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мустаҳкамкунии марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, ҷалб намуд. Ҳ. Зарифӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, то саҳми худро мутобиқи қудраташ барои оромӣ ва барқарорсозии Афғонистон гузорад. Дар ин замина лоиҳаи CASA-1000 ва сохтмони долонҳои нақлиётӣ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд месозанд, нақши асосиро мебозанд.
 
Линн Паско ба Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар барқарорсозии сулҳу субот дар минтақа изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ба Тоҷикистон барои гузаронидани конфронси RECCA-V дар Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 9, 2011 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд