Лоиҳаи бо об таъмин намудани пойтахт

Декабрь 13, 2011 14:57

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи дуюми бо об таъмин намудани шаҳри Душанберо роҳандозӣ намуд, ки беҳдошти фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» — ро пешбинӣ менамояд. Тавре дар намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади ин лоиҳаи арзишаш баробари 19 миллион доллар иборат аз расонидани кӯмаки техникӣ барои беҳдошти корбурди донишҳои амалию техникӣ мебошад, ки он дар навбати худ сатҳи риояи меъёрҳои хидматрасонии муштариён ва устувории молиявиро баланд мебардорад.Ба гуфти манбаъ, кӯмаки бебозгашти Ассосиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳа 16 миллион доллар ва хароҷоти раёсати шаҳри Душанбе 3 миллион долларро ташкил медиҳад.Лоиҳа то соли 2015 дар амал татбиқ шуда ва бояд ба баландшавии сифати идора бо назардошти истеъмолу талабот ва беҳсозии сифати об мусоидат намояд.

Декабрь 13, 2011 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад